каср — I [کسر] а 1. шикаст, зарар, зиён; касри шаън шикаст расидан ба шаъну эътибори касе; касри буҷет иқт. зиёдии хароҷот назар ба даромад дар миқёси давлат ё ягон соҳаи хоҷагӣ, дефитсити буҷет 2. риёз. адади камтар аз воҳиди пурра; касри даҳӣ касре,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бадар — [بدر] берун, хориҷ (одатан дар таркиби феълҳо меояд): бадар андохтан бароварда партофтан; бадар бурдан гирифта бурдан; раҳонидан, халос кардан (мас., ҷонро); бадар рафтан баромада рафтан; аз сар бадар кардан (фикреро) аз лавҳи хотир дур сохтан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беоб — [بي آب] ҷое, ки умуман об (дарёву чашма…) надорад ва ё об бароварда нашудааст, обнадошта; хушк: дашти беобу гиёҳ, саҳрои беоб; деҳқони беобу замин деҳқоне, ки соҳиби замини хусусӣ нест; беоб мондан аз об таъмин нашудан; обёрӣ нашудан ◊ беобу нон… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бинӣ — [بيني] узви ҳисси шомаи инсон ва ҳайвон, димоғ: бинии борик, бинии дароз, бинии уқобии нӯгхамида, парраи бинӣ, теғаи бинӣ; бинӣ афшондан нафасро бошиддат аз бинӣ бароварда холӣ кардани роҳи нафас аз оби бинӣ, бинӣ кашидан бо бинӣ ҳаворо сахт ба… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бол — I [بال] асоси замони ҳозираи болидан II [بال] 1. узве, ки парандаҳо ва баъзе ҳашарот ба воситаи он парвоз мекунанд, қанот 2. қисми ба ду тараф паҳншудаи ҳавопаймо; болу пар а) қанот; б) маҷ. қувва(т), иқтидор, тавон; в) маҷ. такягоҳ, пушту паноҳ; … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бофта — I [بافته] 1. сифати феълии замони гузашта аз бофтан; бофтагӣ: мӯи бофта, сабади бофта 2. матоъ, газвор 3. маҷ. фикр карда бароварда, хаёлӣ, ғайривоқеъ 4. маҷ. сохта, дурӯғ, беасос: гапи бофта II [بافته] :бофтаҳо биол. низоми алоқаманди ҳуҷайраҳои … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бошуур — [باشعور] он ки ҳодисаҳои воқеъшавандаро дуруст фаҳмида, хулосаҳои даркорӣ бароварда метавонад: бофаҳм, бофаросат: одами бошуур … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бурунрез — [برون ريز] биол. хусусияту вежагии ғадуде, ки баровардаҳои худро берун мерезад; муқоб. дарунрез … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гиристан — [گرستن] гиря кардан, ашк рехтан, оби дида ҷорӣ кардан: зор зор гиристан, ҳой ҳой гиристан; филиқ филиқ (фих фих) гиристан бо овози паст гиря кардан ◊ хун гиристан гиряи ҷонсӯз кардан; ҳиққосзанон гиристан ҳиқ ҳиқ карда гиристан, сахт гиря кардан; … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гиря — [گريه] ҳолати аз чашм ашк рехтан, ки аз ғаму андӯҳ ё таассуроти сахт пайдо мешавад; гиряи гулӯгир гиряи сахти нафасгир; гиряи ниҳонӣ ашкрезии пинҳонӣ, дарун дарун гиристан; гиряву зорӣ ашк рехта зорӣ кардан; гиряву нола доду фиғон бо ашкрезӣ;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ